Аврати мард аз ноф то зону аст, агар танҳо ҳамин қадарро пушонад?

0

# Савол

Аврати мард аз ноф то соқи пой аст, агар аз ноф боло кушода бошад ва дар назди ягон зани маҳрам ё номаҳрам нишинад ва шаҳвати зан бедор шавад, дар ин ҳолат мард гунаҳгор мешавад ё зан? Бо ҳамин сурат ба кӯча баромадан ҷоиз аст ё на?

# Ҷавоб

Тибқи фармудаи шариат аврати мард аз ноф то зери зону аст, ки пӯшонидани он дар намоз ва ғайри намоз фарз аст ва дар сурати бараҳна гузоштани он инсон гунаҳгор мешавад.

Ғайр аз ин миқдор пӯшонидани дигар қисмати бадан барои мард суннат аст. Агар ин қисматро қасдан бараҳна кунад, гунаҳгор мешавад. Дар назди афроди хонавода бо ҳолати нимбараҳна муошират кардан ё бо ҳамин ҳолат ба кӯча баромадан гуноҳ ва хилофи одобу ахлоқи инсонӣ ва мусалмонӣ аст.

Шӯрои уламо (922)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст