# Савол
Ҳамон ҳадисе, ки дар он гуфта шудааст, ки ватандорӣ аз гӯшаи имон аст, ба кадом навъи ҳадис дохил мешавад? Дар бораи ватандӯстӣ ягон ҳадиси саҳеҳе ҳаст?
# Ҷавоб
Ягон ҳадисе бо ин лафз, ки ватандорӣ аз гӯшаи имон аст, наомадааст, вале дар қавли бузургони Ислом ишоратҳо омадааст, ки Расули Худо (с) вақте ҳиҷрат карданд, ба сӯи Маккаи Мукаррама бо ҳасрат чанд бор рӯи мубораки худро гардонданд, то ин ояти карима нозил шуд: «Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад». (Сураи «Қасас», ояти 85) Пас аз нузули ин оят Расули акрам (с) хурсанд шуда ва сафарашонро ба сӯи Мадинаи Мунаввара идома доданд. Бар асоси ҳамин ишорат ватандорӣ ва ватандӯстӣ як амри зарурӣ аст ва барои ҳифзи ватан ҷоннисорӣ бояд кард.
Шӯрои уламо (3046)