# Савол
1. Тоқӣ ё салла гузоштан суннат аст? Аз ҳадисҳо далел меовардед, зеро баъзеҳо мегӯянд, ки суннат нест, балки расми мардуми араб аст. 2. Чаро дар назди хонаи Худо мардон сари бараҳна ва либосҳои нимаурён намоз мегузоранд?
# Ҷавоб
1. Пӯшидани сар аз ҷумлаи одоби либоси мусулмонӣ ва аз суннати набавӣ аст. Расули Худо (с) ҳеҷ вақт сари бараҳна намоз нагузоридаанд. Худованд дар ояти 31-уми сураи Аъроф мефармояд: “Эй фарзандони Одам, ба вақти ҳар намоз ороиши худро бигиред”.
Муфассирон мегӯянд, ки дар ин оят либос бо лафзи “зинат”, яъне ороиш таъбир шудааст ва ишора ба ин аст, ки ҳар намозгузоре мувофиқ ба тавоноии худ беҳтарин либосро дар вақти намоз бипӯшад. Чунончи ҳазрати Имом Ҳасан (р) одат доштанд, ки дар вақти намоз беҳтарин либоси худро мепӯшид ва мефармуд: “Аллоҳ таъоло зебоиро меписандад, аз ин рӯ, ман барои ризои Худо зебоӣ ва ороишро интихоб мекунам”. Пас пӯшидани сар низ аз ҷумлаи зинат ва ороиши намоз ва аз суннати Расули акрам (с) аст, ки бояд риоя шавад.
2. Дар мавсими ҳаҷҷу умра вақте ки шахсе либоси эҳром мепӯшад, сарро бояд бараҳна намояд, зеро ин аз талаботи ҳаҷ ва аҳкоми дин аст. Эҳром ду порча матоъи сафеди нодӯхта аст, ки ҳоҷӣ дар вақти ҳаҷ ё умра онро ба тан мекунад.
Шӯрои уламо (2765)
