Тарзи дуруст хондани намози Ҷумъа / Намози Чумъа

2

# Савол

Тарзи дуруст хондани намози Ҷумъаро пурра мефаҳмондед аз аввал то охир. Тарзи дуруст хондани намози Чумьа ро пурра мефахмондед.

Аз Субҳон

# Ҷавоб

Намози ҷумъа барои шахси оқил, болиғ, мард, озод, тандуруст, бино ва муқим фарзи айн аст.

Намози ҷумъа аз даҳ ракъат – чаҳор ракъат суннат, ду ракъат фарз ва чаҳор ракъат суннат иборат аст.

Дар намози ҷумъа ду бор азон дода мешавад. Пас аз азони аввал чаҳор ракъат суннат гузорида мешавад. Сипас азони дуюм гуфта мешавад ва имом хутба мехонад.

Муқтадиён бояд хомӯшона ба хутба гӯш диҳанд. Дар вақти хондани хутба гузоридани намози суннат ва нафл макрӯҳ аст. Сипас иқомат гуфта мешавад ва имом бо мардум ду ракъат фарзи ҷумъаро мегузоранд. Пас аз итмоми намози фарзи ҷумъа чаҳор ракъат суннати пас аз фарзи ҷумъа гузорида мешавад. Фарзи намози ҷумъа мисли фарзи бомдод ва суннатҳои он мисли суннати намози пешин мебошад. (Тарзи хондани намоз)

Ҷавоб аз Шӯрои уламо (1584)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
2 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Абдусамиъ
Абдусамиъ
1 сол пеш

Оё бе хутба хондан дуруст мешавад намози ҷумъа

Муҳаммад
Муҳаммад
ҷавоб дод ба  Абдусамиъ
1 сол пеш

Не, чунки шунидани хутбаи намози ҷумъа воҷиб аст.