Шеър навиштар дар Ислом ҷоиз нест?

0

# Савол

Ояти 69-уми сураи “Ёсин”-ро шарҳ медодед, зеро баъзе ашхос ин оятро далел карда, шеър навиштанро нодуруст мегӯянд. Сипосгузорам.

# Ҷавоб

Тарҷума ва тавзеҳи ояти 69-уми сураи “Ёсин” ба таври мухтасар чунин аст:

«Ва ба пайғамбар шеър наомӯхтаем ва ин барои ӯ шоиста нест. Ва ин [Китоб] ҷуз панд ва Қуръони ошкор нест». 

Дар ин оят Худованд шеър ва шоириро аз Қуръон ва Пайғамбар (с) рад мекунад, зеро Қуръон аз назари лафзу маъно бо шеър монандие надорад ва он чун каломи мавзуну муқаффо ва тахайюлӣ нест, ҳамчунин тахайюлоти шоирона шоистаи Пайғамбар (с) ҳам нест. Балки маъмурияти Пайғамбар (с) баёни ҳақиқат ва таблиғи шариат аст, на тахайюлпардозиҳо ва тасвирҳои дур аз воқеъият. Ояти мазкур ба ин амр таъкид дорад, ки Қуръони карим шеър нест ва Пайғамбари акрам (с) шоир нест.

Албатта дар бораи мазаммати баъзе анвоъи шеъру шоирон дар оятҳои 224227-уми сураи «Шуаро» чунин омадааст:

«Ва шоирон [касонеанд, ки] гумроҳон ба онҳо пайравӣ мекунанд. Оё надидӣ, ки онҳо дар ҳар водие саргардонанд; ва он чизе мегӯянд, ки [худ] намекунанд? На [аз шоирон] онҳое, ки имон оварданд; ва амалҳои шоиста карданд; ва бисёр зикри Худо карданд».

Аммо ҳадафи Қуръони карим накӯҳиши мутлақи шеър ва шоирон нест, аз ин рӯ, ояти охир шоиронеро, ки ба либоси салоҳу ислоҳ ороста ҳастанд, истисно кардааст.

Дар ҳадиси шариф омадааст: «Шеър ҳамчун сухан аст, шеъри хуб монанди сухани хуб ва шеъри бад монанди сухани зишт аст».

Шӯрои уламо (794)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст