# Савол
Шахсе дорои мошини саворӣ аст, оё аз он закот медиҳад?
# Ҷавоб
Мошин ҳар навъе, ки бошад, закот дар он воҷиб нест, ба шарте ки ба нияти тиҷорат набошад, вале агар вақти харидан ният кард, ки як сол кор карда онро мефурӯшад, пас дар ин сурат закот воҷиб аст, ба шарте ки қимати он ба нисоб баробар бошад.
(«Ҳиндия», ҷ.1, с. 172, «Раддул-муҳтор», ҷ. 2, с. 262), Шӯрои уламо (21)
