Таблиғ барои пешрафти сомона
#Савол
Ассалому алайкум. Соли 2017 дар моҳи Рамазон ҳомила будам, аз ин рӯ, рӯза дошта натавонистам. Акнун чор рӯз аст, ки рӯза медорам. Як моҳ рӯза дорам, қарзам адо мешавад? Дар ин ҳолат “нияти қазоӣ” гуфта рӯза дорам? Намози нафлу шукрона ва тасбеҳ хонда мешавад?
#Ҷавоб
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, шумо як моҳ бояд рӯза доред, дар ин ҳолат қарзи шумо адо мешавад. Дар вақти ба ҷо овардани қазои рӯза нияти рӯзаи қазоӣ мекунед, вале пай дар пай доштани он шарту ҳатмӣ нест, метавонед, ки онро ба сурати ҷудо-ҷудо низ адо кунед. Намози нафл ихтиёрӣ аст ва чанд ракъат, ки мехоҳед метавонед бигузоред.
Ҷавоб аз Шӯрои уламо (2034)