Оё равғани хук дар либос ё бадан расад, бенамоз мекунад?

0

# Савол

Оё равғани хук дар либос ё бадан расад, бенамоз мекунад ё на? Оё равгани хук дар либос ё бадан расад, бенамоз мекунад ё на?

# Ҷавоб

Худованд дар Қуръони карим хукро палид ва нопок хондааст, чунонки мефармояд:

“Бигӯ: «Дар миёни он чи ба сӯи ман ваҳй фиристода шудааст, ҳеҷ чизеро, ки хӯрдани он барои хӯранда ҳаром бошад, намеёбам, магар он ки мурдор бошад; ё хуни рехташуда; ва гӯшти хук, ки ҳар оина он нопок аст; …”. (Сураи “Анъом”, ояти 145)

Бинобар ин, равғани хук наҷасулайн буда, либос ва баданро бенамоз мекунад.

Шӯрои уламо (1487)

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст