Чандири чист? Кувваи чандири чист?

0

# Савол

Чандири чист? Кувваи чандири чист? Куваи чандири, Қувваи чандирӣ чист?

Аз Беном

# Ҷавоб

Ҳар гуна ҷисм дар натиҷаи ба он таъсир овардани қувва ин ё он дараҷа тазйиқ хӯрда (деформатсия шуда), яъне андоза ё шакл ё ин ки ҳам андоза ва ҳам шакли худро тағйир дода метавонад.

Чунончи, агар дар сари фанар (пружин)-и дарозиаш l0 боре овезем, фанар ба қадри l – l0 меёзад. Дар ин маврид бор вазифаи қувваро адо мекунад.

Дар сурати ба фанар таъсир овардани қувва андозаи фанар тағйир меёбад. Агар борро аз сари фанар дур кунем, фанар дарҳол ба ҳолати аввалаи худ бармегардад, яъне баъди боз гирифтани бор фанар кӯтоҳ шуда, ба ҳоли l0 мегардад. Онро қуввае ба ин ҳолат бармегардонад, ки дар байни атомҳо ва молекулаҳои фанар танҳо гоҳи тазйиқ дидани фанар ба вуҷуд меояд ва қувваи чандирӣ ном дорад.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст