Ҷанг андохтани ҳайвонҳо чӣ ҳукм дорад?

0

Суоли шаръӣ – 4. Ҷанг андохтани ҳайвонҳо чӣ ҳукм дорад? Ҳукми ҷанг андохтани ҳайвонҳо / сагҳо. Чанг андохтани хайвонхо чи хукм дорад? Хукми чанг андохтани хайвонхо / сагхо.

ҲУКМИ ҶАНГ АНДОХТАНИ ҲАЙВОНҲО

Суол:

Аз нигоҳи шариат ҳукми ҷанг андохтани сагҳо чист? Лутфан баён мекардед.

Хулосаи ҷавоб:

Ҷанг андохтани сагҳо, хурӯсҳо, кабкҳо ва ҳар навъи дигар аз ҷондорон шаръан амали ҳаром аст.

Ҷавоби муфассал:

Нахуст бояд донист, ки шариати исломӣ на танҳо бораи ҳуқуқи одамон, балки барои ҳуқуқи ҳайвонот низ аҳкоми зиёде дорад ва барои риояи ҳуқуқи ҷонварон дастурҳо намуда аст.

Дар ҳадиси саҳеҳе (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 3318, Саҳеҳи Муслим, ҳадиси 2242) омада аст, ки зане бадин сабаб, ки гурбаеро гурусна нигоҳ дошта ҳасб кард ва он гурба ба ин сабаб ба ҳалокат расид, он зан ба ин амалаш вориди дузах гардид.

Бинобар ин, онгуна, ки ба инсоне зарар расонидан амали ҳарому мамнуъ аст, ба ҳайвон низ зиёну озор расонидан шаръан амали ҳаром ба ҳисоб меравад.

Ҳукми ҷанг андохтани сагҳо, хурӯсҳову кабкҳо ва ғайра аз парандаҳову ҳайвонҳо аз нигоҳи шариат амали ҳаром аст.
Шариат ҷанг андохтани ҳайвонҳоро чи бо ҷинси худашон (бо ҳайвоне мисли худаш) ва ё бо ҳайвоне аз ҷинси дигар амали беҳуда ва сафеҳона шуморида муъминонро аз он қатъиян манъ карда аст.

Дар ин маврид аз Паёмбар (с) ҳадисҳо ривоят шуда аст.
Имом Тирмизӣ (ҳадиси 1708) ва имом Абудовуд (ҳадиси 2562) аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят кардаанд, ки эшон гуфтаанд:

نَهى رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم عنِ التَّحْرِيشِ بين البهائِمِ

“Паёмбар (с) аз ҷанг андохтан ҳайвонҳоро миёни ҳам манъ карданд.” (Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд).

Дар китоби Алҳадият-ул-алоияйи Алоуддинӣ ибни Обидини ҳанафӣ омада аст:

ويحرم التحريش بين البهائم، أي إغراء وتهييج بعضها على بعض كما يفعل بين الديوك والكباش وغيرها.

“Ҳайвонҳоро бар зидди якдигар шӯронидан, ба ҷӯшу хурӯш оварда ҷанг андохтан, онгуна, ки иддае байни хурӯсҳо, қушқорҳо ва ғайра мекунанд, амали ҳаром аст.” (Ниг; Алҳадиятулалоияй, саҳ, 552).

Сабаби ҳаром будан ин амал дар он аст, ки шӯронидану ҷанг андохтани ҳайвонҳо боиси зарб хурдани онҳо аз якдигар, озор дидану ҳатто баъзан талаф ёфтани онҳо мегардад, ки ин амал нисбати ҳайвон зулм ба ҳисоб рафта ва кори ҳарому мамнуъ аст.


Суоли 4, Иброҳими Саиднуриддин, санаи нашри ҷавоб: 19.05.2022


Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст