Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ андозаи аврати мард аз зери ноф то зери зону буда, пӯшонидани ин қисмати бадан фарз аст. Назар кардани шахси дигар ба ин қисмати бадан гуноҳ аст, аз ин рӯ, дар вақти иваз кардани шалвор ва таҳпӯш аврати худро аз чашми дигарон сатр бояд кард. (Ҷавоб аз Шӯрои уламо – 2312)