Равияи Кейнсионӣ яке аз равияҳои назарияи иқтисодӣ мебошад, ки онро Н-Кейнс эчод кардааст ва назарияи тақозои самарабахш номида мешавад. Гояи ин назария аз он иборат аст, ки тавассути ангезиши тақозо ба истеҳсол ва арзаи мол таъсир расонда, бекориро кам кардан имконпазир аст. Кейнс зарурати дахолати давлатро ба иқтисодиёт асоснок кард. Таълимоти кейнсионии муосир на танҳо аз яқ балки аз якчанд назарияи макроиқтисодӣ иборат мебошад, ки то андозае аз лихози мақсад ва воситаҳои сиёсати макроиқтисодӣ аз хам фарқ мекунанд.