Никох чист? Никоҳ чист?

1

#Савол

Таъриф ва қоидаи никоҳ лозим аст. Никох чист? Никоҳ чист?

#Ҷавоб

Никоҳ – чунин иттифоқи ихтиёрона ва озодонаи зану мардро меноманд, ки ба хиссиёти меҳру муҳаббат, дустию садоқати тарафайн, баробарҳуқуқӣ чун қоидаи умрбоди зану шавҳар асос меёбад ва бо мақсади барпо намудани оила баҳри тавлид ва тарбияи фарзанд ва бо риояи ҳамаи шартҳои нишондодаи қонун, умумияти маънавӣ ва хоҷагиро, ҳуқуқу уҳдадориҳоро дар байни аъзоёни оила ба миён меорад ва инчунин дар ҳифз ва ҳимояи давлат қарор дорад, дар мақомотҳои ақди никоҳ ба қайд гирифта мешавад.

Никоҳ – ин маҷмӯи нишондодҳое, ки ҳуқуқ, вазифа ва имтиёзҳои шавҳарро нисбат ба зан, ҳар дуи онҳоро нисбат ба фарзандон, хешу табор ва ҷамъият муайян мекунанд.

Ҳамрасонӣ кунед (Поделитесь)
Сомона бо шарофати таблиғ фаъол аст
Обуна шудан
Огоҳонидан ҳангоми
guest
1 ҷавоб
Ҷавобҳои куҳна
Ҷавобҳои нав Ҷавобҳои машҳур
Межтекстовые Отзывы
Посмотреть все комментарии
Шахнозахон
Шахнозахон
1 сол пеш

Барои тарбияи насли оянда,барои ба пеш бурдани давлати худ никох лозим аст.