Намоёнтарин намояндагони мактаби меркантилизм Томас Мэн (1571-1641), Антуан Монкретен де Ветавил (1575-1622), Г. Скаруффи (1519-1584), Д. Норе (1641-1691) ба ҳисоб мераванд. Ин намояндагон объекти омӯзиши назарияи иқтисодиро дар соҳаи муомилот, хусусан дар тиҷорати берунӣ медиданд ва онҳо барои амалигардонии мақсадҳои худ сиёсати протексионизмро (ҳимоягариро) пешниҳод намуданд, ки барои ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ аз истеҳсолкунандагони хориҷӣ пешбинӣ шудааст.