Савол: Намояндаи мактаби физиократҳо кист ва кадом ақидаро пешниҳод кардааст?
Ҷавоб: Намояндаи асосӣ ва асосгузори ин мактаб Франсуа Кенэ (1694-1774) ба ҳисоб меравад Ф. Кенэ ақидаи намояндагони меркантилизмро оиди он ки мубодила сарватро ба вуҷуд меорад, инкор кард. Ӯ сарчашмаи боигариро на танҳо меҳнат дар соҳаи заминдорӣ, балки афзоиши маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба истеъмол дар соҳаи кишоварзӣ эълон намуд.